Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Шоираи Қудрат, asia+

Чин барои лоиҳаи навсозии зерсохтҳои бандари Кулма ба Тоҷикистон коршиносони худро мефиристад. Қариб 2 миллион сомонӣ харҷи он низ аз ҷониби Чин ройгон пардохт хоҳад шуд. Лоиҳаи ёддошти табодулӣ дар ин бора байни ду кишвар рӯзи 12-уми май ба имзо расид.

Тибқи лоиҳа, ки “Азия-Плюс” бо он шинос шуд, Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ки омӯзиши техникӣ-иқтисодии лоиҳаи навсозии зерсохтҳои бандари Кулмаро анҷом диҳад.

Тибқи лоиҳа, Чин гурӯҳи коршиносии худро барои таҳқиқоти саҳроӣ ба Тоҷикистон мефиристад.

Дар лоиҳа гуфта шудааст, ки барои ин кор харҷи 1,42 миллион юани чинӣ (қариб 2 миллион сомонӣ) пешбинӣ шуда, он пурра аз ҷониби Чин ҳамчун кӯмаки бебозгашт пардохта мешавад.

Ин маблағ тавассути Бонки давлатии рушди Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тоҷикистон бошад уҳдадор шудааст, ки бехатарии коршиносони чиниро таъмин карда, раванди вуруд ва хуруҷи коршиносон ва таҷҳизотро осон кунад.

Ҳамчунин, Тоҷикистон масъул шудааст, ки тамоми маълумоти барои омӯзиши техникӣ-иқтисодии бандари Қулма марбутро ба коршиносон пешниҳод карда, барои кӯмак ёварони техникирро дар теъдоди зарурӣ ҷалб кунад.

Иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худи кишвар пешбинӣ шудааст.

Акс аз сомонаи childrenoftheworld.ru

Бандари Қулма ё гузаргоҳи марзии Кулма ягона гузаргоҳи расмии заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин аст, ки дар ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин гузаргоҳ дар қисми шарқии кӯҳистони Помир, дар наздикии марзи вилояти Шинҷони Чин қарор дорад.

Ин бандар барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, зеро қисми зиёди молу маҳсулоти воридотӣ аз Чин аз он мегузарад. Он расман соли 2004 боз шудааст.

1,3 миллион сомонӣ грант барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ

Тибқи лоиҳаи дигаре, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин ба имзо расид, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ барои назорати сифат дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сомонӣ грант ҷудо мекунад. 

Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурӣ барои “Лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон” ризоият дода, 1 миллион юани чинӣ (беш аз 1 миллиону 360 ҳазор осомнӣ) маблағи бебозгашт медиҳад.

Дар лоиҳа гуфта мешавад, ки Чин ин маблағро ба суратҳисоби бонкии махсуси Тоҷикистон, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, интиқол медиҳад ва баъди интиқоли маблағ ҷонибҳо “ҳадафҳои мушаххаси истифодаи маблағро муайян мекунанд”.

Тибқи лоиҳа, Тоҷикистон бояд ин харидро мустақилона анҷом диҳад.

Тоҷикистон ҳамчунин уҳдадор мешавад, ки ин маблағро танҳо барои хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурии лоиҳаи зикршуда истифода барад.

Ҳамчунин, ҳукумати кишвар бояд низоми махсуси назоратӣ барои  татбиқи лоиҳа ва истифодаи ин маблағ таъсис дода, ба ҷониби Чин дар бораи корҳои  анҷомдодааш мунтазам ҳисобот пешниҳод кунад.

Бояд гуфт, дар сафари охири раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин беш аз 80 созишномаи нави ҳакмкорӣ дар бахшҳои гуногун ба маблағи 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Лоиҳаи баъзе номаҳои табодулӣ аллакай нашр шудаанд.

Аз ҷумла, Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Тоҷикистон 34 таҷҳизоти иктишофӣ ва дигар маводу лавозимоти пулис пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо 52 миллион юани чинӣ (беш аз 72 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.