Дар Лаҳистон (Полша) теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зиёд шудааст. Дар се моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст. Дар ин бора Марта Ярошевич, аз Маркази таҳқиқоти муҳоҷирати Донишгоҳи Варшава ба “EADaily” хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар миёни ашхосе, ки ба ин кишвар омадаанд, донишҷӯён низ ҳастанд.
Коршинос гуфтааст, ки ҳоло то 30 ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Лаҳистон қарор доранд, ки ин нишондиҳанда метавонад оғози муҳоҷирати бештар дар ин кишвар гардад. Дар се моҳ аз ҳама бештар башаҳрвандони Ӯзбекистон (ҳудуди 16 ҳазор), сипас Қазоқистон (12 ҳазор)-у Қирғизистон (қариб 8 ҳазор) ва баъд Тоҷикистон (6 ҳазор) иҷозатномаи корӣ дода шудааст. Аксари муҳоҷирон мардон мебошанд.
Ба таъкиди вай, “бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд”.
“Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳудуди 80% аз афроде, ки ба Лаҳистон омадаанд, пештар маҳз дар Русия машғули кор буданд. Хеле аён аст, ки чӣ гуна Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи имконоти нав ва роҳандозии робитаҳо талош меварзад, то ки шҳрвандонаш ба ҷуз Русия, ба дигар кишварҳо барои кор раванд”, – зикр кардааст Ярошевич.
Ба навиштаи ӯ, афзоши теъдоди муҳоҷирон дар Лаҳистон идома дорад. Гурӯҳи асосиро мисли пешина шаҳрвандони Украина – ҳудуди 1,5-2 млн нафар, инчунин тақрибан 150 ҳазор нафарро шаҳрвандони Беларус ташкил медиҳанд. Муҳоҷирон аз Молдова ва Гурҷистон низ зиёд аст.
Коршинос ҳамчунин бар ин назар аст, ки солҳои наздик вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Аврупо метавонад ба таври назаррас зиёд шавад. Ин ба вазъи демографӣ дар минтақа, ки тедоди аҳолӣ дар ҳоли афзоиш буда, ҷавонону донишҷӯён зиёданд, вобаста аст.







