Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли дохилӣ супориш додааст, ки то соли 2029 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд шавад.Ин дастури ӯро сомонаи расмии раисҷумҳур ҷудо аз хабари баргузории ҷаласаи ҳукумат нашр кардааст. Маълум нет, ки ин корхонаҳо мушаххас дар кадом минтақаи кишвар ва […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли дохилӣ супориш додааст, ки то соли 2029 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд шавад.

Ин дастури ӯро сомонаи расмии раисҷумҳур ҷудо аз хабари баргузории ҷаласаи ҳукумат нашр кардааст. Маълум нет, ки ин корхонаҳо мушаххас дар кадом минтақаи кишвар ва бо кадом маблағгузорӣ сохта мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, иқтидори умумии истеҳсоли ин корхонаҳо “6 миллион тонна” семент хоҳад буд.

“Бо ин иқтидор, ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад”, – илова кардааст манбаъ.

Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 28-уми май дар маҷлиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз гарон ва камчин шудани семент дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва сабаби ин вазъиятро таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва “фаъолияти миёнаравҳо” маънидод карда, ба масъулин дастур додааст, ки барои ба эътидол овардани вазъ талош кунанд.

Ӯ дар ин ҷаласа боз чӣ гуфт ва чӣ супориш дод? Дар ин матлаби мо хонед: Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гароншавии семент ва дастури ӯ барои ба эътидол овардани вазъ

Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то ба 100 сомонӣ расид. Дар пайи ин, дар бозору мағозаҳои кишвар ин навъи маҳсулот камчин шуд, ки нигаронии аҳолиро ба миён овард.

Арзиши семент дар бозорҳои кишвар чӣ гуна боло рафт ва фурӯшандагону таҳвилгарон чӣ мегӯянд, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.