Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ дар қонунгузории Русия дар робита ба вуруд ва хуруҷи муҳоҷирон ба ин кишвар чанд тағйирот ба иҷро даромад. Аз ҷумла, муҳлати супоридани изи ангушт ва гирифтани акс дар марзҳои ин кишвар ва гузоштани дархости вуруд дар замимаи мобилии “RuID” на дертар аз 72 соат пеш аз сафар, то охири соли 2027 тамдид шуд.

Дар ин бора Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, гуфтааст, ки қаблан муҳлати татбиқи ин талаботи озмоишӣ то 30-юми июн буд. Ҳоло он то охири соли 2027 тамдид карда, шаҳрвандони хориҷие, ки аз марзи Русия мегузаранд, дар сурати мавҷуд будани имкони техникӣ, бояд маълумоти биометрӣ (супоридани изи ангушт ва суратгирӣ)-ро анҷом диҳанд.

Ҳамчунин, онҳое, ки бидуни раводид ба ин кишвар ворид мешаванд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз сафар дар замимаи мобилии “RuID” худро сабти ном карда, сурат ва маълумоти биометриро боргузорӣ ва дархости вуруд пешниҳод кунанд.

Акси марбут аз ВКД Русия

“Онҳо бояд бо мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Русия дархост пешниҳод намоянд. Қаблан, то 1-уми июни соли 2026, муҳлати будубош барои ин гурӯҳи шаҳрвандон 90 рӯзро ташкил медод”,-навиштааст манбаъ.  

Лоиҳаи таҷрибавии супоридани изи ангушт ва гирифтани акс дар марзи Русия ҳангоми вуруд ба ин кишвар соли 2024 ҷорӣ шуд ва дар аввал гуфта мешуд, ки то 1-уми декабри соли 2024 амал мекунад ва баъдан, то 30-юми июни соли 2026 тамдид карда шуд. Тибқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва гузаргоҳи мошингузари Маштаково (вилояти Оренбург) ворид ё хориҷ мешаванд, аз назорати биометрӣ мегузаранд.

Қаблан Вазорати рушди рақамии Русия қаблан изҳор дошта буд, ки агар ин таҷриба муваффақ шавад, қоидаҳои нав ба амалияи доимӣ табдил ёфта, раванди вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварро ба таври назаррас соддатар мекунад.

Бояд гуфт, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.