Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСП «
TT
mobile
», ки таҳти тамғаи (бренди) «Хатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон» (МЛТ) маъруф аст, тамғаашро иваз карда, ояндаи назди ба «МегаФон» табдили ном мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов иттилоъ дод, дарҳол пас аз эълони расмии мавриди истифода қарор гирифтани бренди нав, номи ширкати «
TT
mobile
» ба ҶСП «Хатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон» иваз шуда, бренди МЛТ ба «МегаФон Тоҷикистон» табдили ном хоҳад кард. «Бо тағйири ном хароҷоти ширкат ба рекломдиҳӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад ёфт», – гуфт ӯ.
ҶСП «
TT
mobile
» соли 2001 таъсис дода шуда, 75 дарсади саҳмияҳои ширкат ба «МегаФон»-и Русия ва 25 дарсадаш ба оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад.


