Як ҳайати Олмон таҳти роҳбарии узви Бундестаги Олмон аз Тоҷикистон боздид кард

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар сафари ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти роҳбарии узви Бундестаги Олмон, Котиби давлатии парлумонии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Карин Кортманн ба Тоҷикистон анҷом ёфт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Олмон дар ҶТ иттилоъ доданд, ба ҳайат намояндагони Бундестаги Олмон, Вазорати федеролии ҳамкории […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар сафари ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти роҳбарии узви Бундестаги Олмон, Котиби давлатии парлумонии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Карин Кортманн ба Тоҷикистон анҷом ёфт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Олмон дар ҶТ иттилоъ доданд, ба ҳайат намояндагони Бундестаги Олмон, Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ, сафири кабири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хэртрампф ва ҳамчунин намояндагони Ҷамъияти рушди олмон


GTZ


ва бонки рушди


KFW


шомил буданд. «Дар ҷараёни сафари серӯза вохӯрии ҳайат бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода доир гардида, дар он масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, саҳми имконпазири Олмон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «К.Кортманн изҳор дошт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон шарики боэътимоди Олмон аст», – гуфт манбаъ.



К.Кортманн инчунин оид ба вижагиҳои рушди иқтисоди Олмон, ҳалли масоили мавҷудаи иҷтимоӣ ва андешидани чораҳои рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ изҳори назар кардааст.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур ҳамчунин бо муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Убайдуло Давлатов мулоқот ороста, дар вохӯрӣ атрофи масоили баробарҳуқуқии гендерӣ, вазъи бахши энергетика дар ҶТ ва баъзе ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа табодули афкор сурат гирифтааст.



Зикр гардид, ки ҳайати Олмон ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб дар ноҳияи Ҷалолидддини Румӣ, ки аз ҷониби хазинаи Олмон оид ба ҳамкориву рушд маблағгузорӣ шуд, низ ширкат варзида, бо фаъолияти беморхонаи минтақавии шаҳри Қӯрғонтеппа низ шинос шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.