Имрӯз президенти Латвия бо фаъолияти КВД «Талко» аз наздик ошно хоҳад шуд

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо президенти Латвия Валдис Затлерс доир гардид. Таври маълум сарвари давлати Латвия бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо президенти Латвия Валдис Затлерс доир гардид. Таври маълум сарвари давлати Латвия бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Латвия дар кори наздиксозии фаъолияти қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Зимни мулоқот таъкид гардид, ки айни замон ҳамкории парлумонии кишварҳо асосан дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ва парлумони Аврупо ба роҳ монда шуда, изҳори умедворӣ карда шуд, ки пас аз сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон робитаҳои мустақими байнипарлумонии кишварҳо густариш хоҳанд ёфт», – гуфт Ш.Саидов.




           

Др ҳамин ҳол, сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон идома дошта, чанде пештар Валдис Затлерс аз вилояти Суғд боздид намуд ва имрӯз бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) аз наздик ошно хоҳад гардид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.