Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти раҳбарии КВД «Талко» супориш дод, ки дар бандари баҳрии Рига терминали боркашонӣ бунёд созанд

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар изҳороти худ ба васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» метавонад барои воридоти гилхок ва содироти алюминий аз бандарҳои баҳрии Латвия истифода кунад. Ӯ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ба КВД «Талко» супориш дода […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар изҳороти худ ба васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» метавонад барои воридоти гилхок ва содироти алюминий аз бандарҳои баҳрии Латвия истифода кунад. Ӯ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ба КВД «Талко» супориш дода шуд, то ки дар бандари баҳрии Рига терминали боркашонӣ бунёд созад.





           

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид сохт, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон шӯъбаи яке аз бонкҳои тиҷоратии Латвия боз мегардад. «Хатсайри ҳавоии чанде қабл бозшуда миёни Душанбеву Рига барои Тоҷикистон стратегӣ буда, аз ҷиҳати масофа роҳи наздиктарин ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мегардад», – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.




Маълумотнома:



Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Латвия 12 млн. 849,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,8 дарсад камтар аст. Тоҷикистон ба Латвия ба маблағи 2 млн. 966,7 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот содирот карда, аз Латвия ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9 млн. 882,6 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот ворид гардидааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.