Сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари кории серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯбаи сафар имрӯз дар Кохи Миллат гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс ба нақша гирифта шуда, аз […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари кории серӯза вориди Тоҷикистон шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯбаи сафар имрӯз дар Кохи Миллат гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс ба нақша гирифта шуда, аз рӯи натиҷаҳои он имзои як силсила асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст.



Дар ҳайати Латвия ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони ин кишвар низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар кори ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар ширкат хоҳанд варзид.



Бино ба иттилои манбаъ, боздиди президенти Латвия аз Тоҷикистон нахустин сафари расмиест, ки роҳбари кишварҳои назди соҳили Балтика ба Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом медиҳад.



Аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки президенти Латвия аз шаҳри Хуҷанд низ боздид хоҳад кард.



Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ сарвари давлати Тоҷикистон ба Латвия сафари давлатӣ анҷом дода, аз рӯи натоиҷи он як силсила асноди дуҷониба, аз ҷумла, созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, дар бораи алоқаи ҳавоӣ, ёддошти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо ва созишнома миёни палатаҳои савдову саноати Тоҷикистону Латвия ба тасвиб расида буданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.