ВКД ҶТ натиҷаҳои ташхиси тиббии марги нобаҳангоми мудири шӯъбаи қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳуриро эълом дошт

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои ташхис оид ба марги нобаҳангоми мудири шӯъбаи қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ – Хуршед Бобокалонови 33-сола, марги ӯ бар асари фаъолияти номӯътадили дил дар натиҷаи гипертрофияи мушаки дил ва ҳамчунин асфиксияи механикӣ аз маҳкамшавии роҳҳои нафаскашӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои ташхис оид ба марги нобаҳангоми мудири шӯъбаи қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ – Хуршед Бобокалонови 33-сола, марги ӯ бар асари фаъолияти номӯътадили дил дар натиҷаи гипертрофияи мушаки дил ва ҳамчунин асфиксияи механикӣ аз маҳкамшавии роҳҳои нафаскашӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд.




Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», – гуфта буданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.




           

Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», – гуфта буд дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.




           

Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.




           

Х.Бобокалонов рӯзи 28-уми июн дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супурда шуд.




           

То ҳанӯз вокуниши хешу наздикони марҳум нисбат ба сабабҳои ташхиси марги ӯ номаълум аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.