Чехия ба таъмини Тоҷикистон бо таҷҳизоти гидротехникӣ ва сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд изҳори омодагӣ кард

Date:


Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сарвари кулли ширкати «Виктория Проект»-и Чехия Ян Чичел дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чехия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ долданд, ҳайати Чехия бо мақсади омӯзиши имконоти ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву сохтмон ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар ҳайати Чехия бо мақомоти раҳбарии Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВДҶ «Тектилмаш» дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Ба иттилои манбаъ, Шариф Саид ба меҳмонон оид ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, изҳор доштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна барои иқтисоди кишвар самти афзалиятнок шуморида мешавад, зеро ҷумҳурӣ аз захоири бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа бархӯрдор аст.



Дар навбати худ мудири кулли ширкати «Виктория Проект» Ян Чичел иброз доштааст, ки ширкат натанҳо Тоҷикистонро бо таҷҳизоти гидротехникӣ таъмин карда метавонад, балки дар лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна хоҳиши иштирок карданро низ дорад. Номбурда гуфтааст, онҳо пешакӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар гирду атрофи шаҳри Ваҳдатро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва акнун мехоҳанд роҷеъ ба ҷузъиёти корҳои

 

сохтмон бо фармоишгарон гуфтушунид намоянд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...