Сафари моҳи майи президенти Русия ба Тоҷикистон то моҳи август мавқуф гузошта шуд

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари нимаи моҳи майи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон то аввали моҳи август мавқуф гузошта шуд. Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарордоди қаблӣ сарони кишварҳо тасмим гирифта буданд, ки нимаи моҳи май дар маросими пурра мавриди истифода […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари нимаи моҳи майи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон то аввали моҳи август мавқуф гузошта шуд.




Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарордоди қаблӣ сарони кишварҳо тасмим гирифта буданд, ки нимаи моҳи май дар маросими пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат меварзанд, аммо ахиран ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки президенти Русия моҳи август ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими комилан ба истифода супурдани иншоот бо тамоми зерсохтораш иштирок хоҳад кард.



Ба қавли Д.Назриев, сарфи назар аз рӯзҳои наздик ба кор даромадани агрегати охирини нерӯгоҳ, ҷиҳати комилан анҷом ёфтани сохтмони иншоот то ҳанӯз вақт ва воситаҳои молиявӣ заруранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.