Кори агрегати охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд

Date:



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кори агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд.





           

Чӣ тавре ки аз ҶСК «Нерӯгоҳи

«

Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки рӯзи 15-уми май нерӯгоҳ пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон кор дар иншоот бидуни таваққуф шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари корҳои насб толори асосии мошинӣ ва сарбанд муҷаҳҳаз ва ба тартиб оварда мешавад. «Бо назардошти он, ки қисмате аз коргарони нерӯгоҳ аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба фаъолият ҷалб шуданд, феълан коргарони боқимонда бо заҳмати дучанд кор мекунанд», – афзуд манбаъ.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...