Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави ташхиси маҳсулоти ғизоии муҷаҳҳаз бо дастгоҳи САА «Квант» ба кор шурӯъ мекунад.
Зикр гардид, ки дастгоҳ яке аз асбоби дақиқи ташхис дар соҳаи маҳсулоти ғизоӣ буда, он зимни санҷиши ба меъёрҳо ҷавобгӯ будани чунин мавод истифода хоҳад шуд.
Дар агентӣ зикр карданд, ки соли гузашта муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳи микробиологӣ ва озмоишгоҳи марказӣ бо дастгоҳи ташхисии «Спутник» СКС-99 пурра ба анҷом расида, минбаъд низ агентӣ талош хоҳад варзид, то озмоишгоҳҳо бо дастгоҳу асбоби замонавӣ таъмин гардида, хавфи заҳролудшавии ҷисми инсон аз истеъмоли маводи ғизоӣ пешгирӣ карда шавад.


