Ҳукумат роҳбари нави ширкати «Барқи тоҷик»-ро таъин намуд

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Ҳукумати мамлакат имрӯз собиқ роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Санъат Раҳимов раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» таъин гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат – Нозир Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз сарвазири мамлакат – Оқил Оқилов роҳбари навро ба ҳайати кормандони […]

Аваз Юлдошев/Виктория Наумова


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Ҳукумати мамлакат имрӯз собиқ роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Санъат Раҳимов раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» таъин гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат – Нозир Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз сарвазири мамлакат – Оқил Оқилов роҳбари навро ба ҳайати кормандони «Барқи тоҷик» муаррифӣ намуд.



Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки имрӯз бо қарорҳои дигари ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи 6 тан аз муовинони раиси ширкати холдингӣ аз вазифа озод карда шуданд.



Ёдрас менамоем, дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми январ баргузор гардид, президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиевро аз вазифа сабукдӯш намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд