Густариши ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс – Лоиҳаи Агентии ИМА барои инкишофи байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ сенздаҳ ширкатро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон барои беҳтарсозии содироти молу савдо бо Афғонистон муттаҳид сохтааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи «Ҳамкории содиротӣ» истеҳсолкунандагон, тоҷирон […]

Азия-Плюс

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс – Лоиҳаи Агентии ИМА барои инкишофи байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ сенздаҳ ширкатро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон барои беҳтарсозии содироти молу савдо бо Афғонистон муттаҳид сохтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи «Ҳамкории содиротӣ» истеҳсолкунандагон, тоҷирон ва созмонҳои байналмилалиеро, ки манфиатдори пурзӯргардонии робитаи тиҷоратӣ бо Афғонистонанд, муттаҳид месозад. Ҳамкории муттаҳидона ба ширкатҳо имконияти дарки беҳтари манфиату захираҳои худро фароҳам меоварад ва дурнамои фаъолияти содироти хешро беҳтар намуда, дар рушди иқтисоди минтақавӣ саҳм мегузорад.

Ба иттилои манбаъ, тӯли се моҳ таҳти барномаи «Ҳамкории содиротӣ» тахминан 60 нафар мутахассис оид ба тиҷорати байналмилалӣ ва таъминоти моли-техникӣ (логистикӣ) дар амалия маводу дониши комил ба даст оварданд. Иштирокчиёни барнома заминаи ташаббуси ҳамкории содиротиро ташкил медиҳанд, ки нияти фиристодани моли бештар аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро пайгирӣ мекунанд. Онҳо дар ҷустуҷӯи пайдо намудани ширкатҳои нав дар минтақаанд, то ин ки тавонанд ба рушди ин шарикӣ саҳмгузор бошанд. Ба ҳамсарҳадии Афғонистону ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ накарда, сатҳи савдо байни онҳо мутаассифона ҳанӯз зери имкониятҳои вуҷуддошта қарор дорад. Бозори кунунии Афғонистон ба либосворӣ, ғалладона ва маводи саноатӣ эҳтиёҷ дорад, аммо василаҳои савдо барои расонидани ин маҳсулот аз Осиёи Марказӣ ба таври бояду шояд инкишоф наёфтаанд. USAID бо мақсади ривоҷ додани ин воситаҳо дар шарикӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ мадад мерасонад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ифтитоҳи барнома сенздаҳ ширкати ҳузурдошта бо вазъи бозори Афғонистон шинос карда шуда, афзалияту дурнамои онро муайян намуданд ва нақшаи ворид шуданро таҳия карданд. Дар хотима ширкатдорон Ёддошти тафоҳум ва ҳамкориеро, ки саҳми онҳоро ба ин шарикӣ муқаррар мекунад, имзо менамоянд. Онҳо инчунин нақшаи чорабиниҳоро, ки пурзӯрнамоии амалҳои содиротии онҳоро ба Афғонистон пешбинӣ мекунад, таҳия хоҳанд кард.

 Вобаста ба ин барнома бо мусоидати Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи Агентии ИМА барои инкишофи байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ санаи 16-уми майи соли равон ҳамоиш баргузор мегардад, ки дар он коршиносону тоҷирон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.