Коршиносон боздошти гӯштфурӯшони пойтахтро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Умаралӣ Хисайнов дар робита ба масъалаи тавсияи раиси шаҳри Душанбе бобати коҳиши нархи орду гӯшт изҳор дошт, ки ҳарчанд он барои қишри камбизоати аҳолӣ чораи муфид бошад ҳам, вале он соҳибкорро барои иҷрои ҳатмии он муваззаф […]

Аваз Юлдошев, Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Умаралӣ Хисайнов дар робита ба масъалаи тавсияи раиси шаҳри Душанбе бобати коҳиши нархи орду гӯшт изҳор дошт, ки ҳарчанд он барои қишри камбизоати аҳолӣ чораи муфид бошад ҳам, вале он соҳибкорро барои иҷрои ҳатмии он муваззаф намесозад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тавсия дод, ки гӯшти гов бо нархи на бештар аз 23 сомонӣ, гӯсфанд 24 сомонӣ ва орд бо нархи 135 сомонӣ фурӯхта шавад ва дирӯз кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт чанде аз гӯштфурӯшонро барои риоя накардани ин тавсия боздошт намуданд.

Умаралӣ Хисайнов гуфт, тавсия қонун нест ва мақомоти шаҳрдории пойтахтро мебояд сабабҳои болоравии нархҳо ва оқибатҳои амали кормандони милиса нисбати гӯштфурӯшонро биомӯзад, ки метавонанд ба камчин шудани ин ё он маҳсулот дар бозорҳо боис гарданд. «Дар ин ҳолат ҷорисозии чораҳои маъмурӣ ғайриқонунӣ аст», – таъкид сохт ӯ.

Ба ақидаи мавсуф, сабаби аслии болоравии нархҳо дар бозори дохилӣ коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ аст ва агар ҳукумати ҷумҳуриву ниҳодҳои дигари молиявии дахлдор таъҷилан бобати мӯътадил сохтани қурби асъори миллӣ чора наандешанд, дар Тоҷикистон нархи маҳсулот ва ҳама гуна навъи хизмтгузориҳо ҳамарӯза афзоиш хоҳанд ёфт.

Дар робита ба ин масъала раиси раёсати созмони ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» Константин Бондаренко чунин ибрози андеша намуд, ки дар мӯътадилсозии нархҳо чораҳои фишороварӣ қобили қабул нест, зеро он ба пайдо шудани ба истилоҳ «бозори сиёҳ» боис мегардад, ки дар он нархҳо метавонанд боз ҳам баландтар шаванд. «Агар ба вазъи имрӯза дар бозори маҳсулоти гӯштӣ назар андозем, феълан гӯшт кам ва сифаташ низ паст шуда, он ҳам дар нимаи аввали рӯз пурра фурӯхта мешавад ва агар нархҳо ҳам сунъӣ нигоҳ дошта шаванд, фурушандаҳо низ гӯшти сифаташ пастро ба фурӯш хоҳанд гузошт», – гуфт ӯ.

Раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров низ боздошти гӯштфурӯшонро ғайриқонунӣ арзёбӣ менамояд. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ зиёд кардани нарх аз ҷониби соҳибкор ҷанбаи ахлоқӣ дорад ва бо чораҳои маъмурӣ онро наметавон танзим намуд», – гуфт ӯ.

Номбурда ба сифати чораҳои пурсамар рушд додани механизмҳои бозорӣ – рақобат ва роҳандозии сиёсати мусоиди андозбандиро пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.