Сафири Озарбойҷон ба Эмомалӣ Раҳмон ордени байнулмилалии «Моҳи нав ва ситора»-ро тақдим кард

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магерам Алиевро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Магерам Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» – и Кумитаи байналмилалӣ доир […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магерам Алиевро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Магерам Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» – и Кумитаи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм, нашамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY» – ро тақдим намуд.

 Тавре зикр гардид, ин орден дар Иттиҳоди байналмилалии мукофотии Созмони Милали Муттаҳид UNCOPA сабт гардида, ягона мукофоти байналмилалӣ мебошад, ки дар он рамзу нишонаҳои мусулмонӣ инъикос ёфтаанд. Бо ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора»  роҳбарони кишварҳои мусулмоннишин ва шахсиятҳои барҷастаи олами ислом барои нақши намоёнашон дар тарғиб ва татбиқи ғояҳои инсондўстию адолат сарфароз гардонда мешаванд.

 Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў сурат гирифт.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломатии Магерам Алиев дар мўҳлати сафораташ дар Тоҷикистон баҳои мусбӣ дод. Дипломати Озарбойҷон изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвари дўст кўшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.