Мувакқатан баста шудани боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа

Қӯрғонтеппа. 23 май. «Азия-Плюс» — Боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯрғонтеппа барои муддате чанд баста шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсаид Насимов хабар дод, дар ҷараёни баргузории санҷишҳо ошкор шудааст, ки боздоштгоҳи муваққатии мазкур дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр барои нигоҳ доштани гумонбаршудагон ба талаботи санитариву гигиении дар меъёрҳои қонун […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 23 май. «Азия-Плюс» — Боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯрғонтеппа барои муддате чанд баста шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсаид Насимов хабар дод, дар ҷараёни баргузории санҷишҳо ошкор шудааст, ки боздоштгоҳи муваққатии мазкур дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр барои нигоҳ доштани гумонбаршудагон ба талаботи санитариву гигиении дар меъёрҳои қонун зикршуда ҷавобгӯ нест. «То анҷоми сохтмони бинои нави боздоштгоҳ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба талаботи санитариву гигиенӣ мувофиқи меъёрҳо ҷавобгӯ бошад, гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон нигаҳдорӣ карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бинои шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз биноҳои қадимаи шаҳр шуморида шуда, боздоштгоҳи муваққатӣ дар таҳхонаи он воқеъ буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.