Футболбозони навраси тоҷик ба меҳмонии дастаи «Арсенал» мераванд

Душанбе. 23-уми май. «Азия-Плюс» — Футболбозои навраси тоҷик дар мусобиқот таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» дар шахри Сочии Русия пирӯзӣ ба даст оварданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов иттилоъ дод, дар ин мусобиқот бо шумули ду даста аз Тоҷикистон 22 даста аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Русияву […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 23-уми май. «Азия-Плюс» — Футболбозои навраси тоҷик дар мусобиқот таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» дар шахри Сочии Русия пирӯзӣ ба даст оварданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов иттилоъ дод, дар ин мусобиқот бо шумули ду даста аз Тоҷикистон 22 даста аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Русияву кишварҳои хориҷи наздик ширкат варзидаанд. «Дар вохӯрии ниҳоии гурӯҳи синнусоли хурдсолон дастаҳои мактаб-интернати ноҳияи Румии вилояти Хатлон ва мактаб-интернати кишвари Абхазия бо ҳам қувваозмоӣ намуда, футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дастаи дигари Тоҷикистон аз ҳисоби тарбиятгирандагони интернати № 1-и пойтахт соҳиби медалҳои биринҷӣ шудаанд ва акнун тобистони соли равон дастаҳои Тоҷикистон ба шаҳри Лондон ба дастаи «Арсенал» ба меҳмонӣ мераванд. «Футболбозони навраси мо дар ин мусобиқот аз таҷрибаи арзишманд бархӯрдор гардида, ба чӣ қодир будани худро возеҳ нишон доданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.