Мусодираи беш аз 20 кило маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе

Date:

Душанбе. 23-юми май. «Азия-Плюс» — Рӯзи якшанбе, 22-юми майи соли ҷорӣ, кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе беш аз 20 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 48-солаи ноҳияи Восеъ С.Т. боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори ҳудуди 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар қаламрави пойтахт сокини 44-солаи ноҳияи Шуғнон низ бо 2 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт гардидааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 612 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 142 кило героин ва 267 кило афюн мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор нисфаш ба ҳиссаи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...