Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Шоми имрӯз дар Театри хурди академии шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барнома бо ҳунарнамоии устодони санъат ва ҷавонони лаёқатманди эҷодкор оғоз мегардад. «Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ, ки аз 60 нафар иборат аст, […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Шоми имрӯз дар Театри хурди академии шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барнома бо ҳунарнамоии устодони санъат ва ҷавонони лаёқатманди эҷодкор оғоз мегардад. «Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ, ки аз 60 нафар иборат аст, муовини аввали вазири фарҳангӣ ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев  сарварӣ намуда, директори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия – роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов, роҳбари бадеӣ – директори маркази эҷодии «Илҳом» – Набӣ Ҷалолов, роҳбари мусиқӣ – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Саидқул Билолов мебошанд. «Қабл аз оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия, дирӯз дар толорҳои Осорхонаи санъати муосири Русия намоишгоҳи маҳсули дасти рассомони тоҷик доир гардида, ба ғайр аз ин, имрӯз дар Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷӣ ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» дар назар аст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаҳои чорабинӣ дар саҳнаҳои театрҳои шаҳри Маскав спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» дар иҷрои ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маякрвскии шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.

Зикр гардид, ки рӯзи 1-уми июн ҳамчунин баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангии намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. «Рӯзҳои фарҳанги Точикистон дар Русия дар таърихи 2-юми июн бо баргузории консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар анҷом хоҳад пазируфт», – афзуд сарчашма. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.