Кӯмаки ҳуқуқии BHR ба рӯзноманигорони Тоҷикистон оид ба масъалаи бадномкунӣ

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) бо дастгирии молиявии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2011 лоиҳаи «Пешбарии стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар соҳаи баёни озоди ақидаи худ»-ро амалӣ мегардонад. Тавре аз намояндагии BHR дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ин лоиҳа дар шаҳрҳои […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) бо дастгирии молиявии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2011 лоиҳаи «Пешбарии стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар соҳаи баёни озоди ақидаи худ»-ро амалӣ мегардонад.

Тавре аз намояндагии BHR дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ин лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе ва Хӯҷанд қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба намояндагони ВАО ва рӯзноманигорон оид ба масъалаи бадномкунӣ (диффаматсия) дар доираи қонунгузории гражданӣ ва ҷиноятии ҷумҳурӣ фаъолияташонро ба роҳ мемонанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ғайр аз ин, оид ба ҳолатҳои алоҳида баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои поймолшудаи ВАО ва рӯзноманигорон дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, адвокатҳо пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони BHR, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи озодии сухан, шикоятҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, омода мегардад.

«Вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон бениҳоят мушкил аст. Масоили мушкилтарин, ки боиси ташвиши иттиҳҳоди рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҳуқуқҳифзкунанда гардидааст, ин таъқиби ҷиноятии намояндагони ВАО ва муроҷиатҳои шахсони мансабдори давлатӣ бо аризаҳои даъвогӣ нисбати ВАО ба мақомотҳои судӣ мебошад. Зиёдшавии миқдори аризаҳои даъвогӣ нисбати ВАО ба он оварда расонд, ки ВАО худро аз чопи мақолаҳои танқидӣ канорагирӣ намуда, бо ҳамин ба дараҷаи озодии сухан дар мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, аз нуқтаи назари мо, зарурати таъсис додани қабулгоҳҳои махсусгардонидашуда дар назди ташкилоти мо пеш омадааст, то ки рӯзноманигорон имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгони фавриро аз ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба дошта бошанд» – қайд намуд директори BHR Наргис Зокирова.

Аз  суханони Н. Зокирова бар меояд, ки мақсади стратегии лоиҳа – декриминализатсияи тӯҳмат ва таҳқир ҳамчун шакли ҷазои ҷиноятӣ мебошад, зеро вуҷуд доштани ин моддаҳо озодии суханро дар Тоҷикистон бениҳоят маҳдуд месозанд. «Барои амалӣ гардонидани ин ташаббус мо нақша дорем, бо шариконамон, ки ташкилотҳои медиавиро намояндагӣ мекунанд, ба монанди АМВАОТ (Анҷумани мииллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон), ХОМА, Internews Network дар Тоҷикистон ва ғайра ҳамкорӣ намоем», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.