Интихоби роҳбари «Тоҷик Эйр» ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии № 23-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар таърихи 29-уми май, директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид. Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии № 23-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар таърихи 29-уми май, директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ Ҳусноро Мирзоева хабар дод, дар ин ҳавза номзадии худро ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯй Забиров низ гузошта буд.

Зикр гардид, ки баъди ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумруки Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардидани писари сарвари давлат Рустами Эмомалӣ, дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт як ҷойи вакилӣ озод гардида буд.

Мутобики моддаи 26-и Қонуни конститутсионии ҷумҳурӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ», пас аз ба вазифа таъин гардидан, аз Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ шаҳри Душанбе соқит карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.