С.Стивенсон: Аз сохтмони «Роғун» ҳама кишварҳои минтақа манфиатдор хоҳанд буд

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор Струан Стивенсон мулоқот орост. Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти марбут ба масоили истифодаи обу энергетика дар минтақаи Осиёи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор Струан Стивенсон мулоқот орост.

Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти марбут ба масоили истифодаи обу энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози мулоқот Шукурҷон Зухуров ба меҳмон барои мавқеъи фаъолона доштанаш дар дастгирии татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид сохт, ки дар кишварҳои хориҷи дуру наздик рӯз то руз шумораи ҷонибдорони идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар навбати худ узви Парлумони Аврупо низ ба раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ барои пазиройиии хуш изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон ният дорад, рӯзи сешанбе аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намояд. «Ман комилан мӯътақидам, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад нақши калидии шарики Иттиҳоди Аврупоро бозад, зеро он дар маркази минтақаи муҳими стратегии ҷаҳон воқеъ аст», – гуфт ӯ.

Ба эътиқоди ҷаноби Стивенсон, кишварҳои Ғарб президенти Тоҷикистонро бояд дар ташкили садду монеъаи қавӣ муқобили интиқоли маводи мухаддир ва ифротгароии исломӣ дастгирӣ намоянд. «Ман ҷиддан бар ин назарам, ки изҳори муносибати манфии Ӯзбекистон нисбат ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз бармаҳал аст ва ба сиёсатмадорони ӯзбек интизор шудани натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро маслиҳат медиҳам, вале чун коршинос ба бехатарии лоиҳаи мазкур мӯътақидам ва гузашта аз ин, ҳамаро бовар мекунонам, ки амалисозии тарҳи мазкур ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки дар навбати худ, Тоҷикистон бояд ҳаҷми кофии ҷоришавии об ба ҳамсоякишварҳоро кафолат диҳад. «Тоҷикистон барои пешсаф будан дар ҳалли мушкилоти обу энергетикаи мнтақаи Осиёи Марказӣ ба хавасмандсозиву дастгирии Иттиҳоди Аврупо сазовор аст», – гуфт ҷаноби Стивенсон.

Узви Парлумони Аврупо ҳамчунин таъкид сохт, ки дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон, сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчунин метавонад ба муборизаи муассир муқобили терроризми байнулмилалӣ мусоидат намояд. «Аз қашшоқӣ террор зуҳур мекунад ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ барои афғонҳову покистониҳо ва шаҳрвандони минтақаву ҳалли мушкилоти иқтисодии онҳо резиши об ба осиёби терроризмро боздошта метавонад, ки ин омил қимати нафъоварии сохтмони «Роғун»-ро даҳчанд меафзояд», – афзуд ҷаноби Стивенсон.

Пас аз мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров узви Парлумони Аврупо бо аъзои Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мулоқот кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.