Аксияи ҳамраъйӣ ба хотири дастгирии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ»

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 8-9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Табошари вилояти Суғд роҳбарон ва намояндагони 16 васоити ахбори умумии чопиву электронӣ, ташкилотҳои миллӣ ва байнулмилалии марбут ба ВАО ба хотири дастгирии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мавриди тафтиши додгоҳӣ қарор дорад, аксияи ҳамраъйӣ доир карданд. Чӣ тавре ки ба […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 8-9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Табошари вилояти Суғд роҳбарон ва намояндагони 16 васоити ахбори умумии чопиву электронӣ, ташкилотҳои миллӣ ва байнулмилалии марбут ба ВАО ба хотири дастгирии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мавриди тафтиши додгоҳӣ қарор дорад, аксияи ҳамраъйӣ доир карданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, дар доираи аксияи мазкур раиси Шӯро оид ба ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов бо раиси додгоҳи шаҳри Табошар Саодат Атоева, ки дар мурофиа раисикунанда аст, мулоқот кард. «Ӯ зикр намуд, ки ВАО, ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқ ният доранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои айбдоршавандаро дар доираи қонун муҳофизат кунанд», – гуфтанд дар АМВАОМТ.

Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аксия ба хотири дастгирии Исмоилов бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар, аз қабили ҳуқуқи озодонаи баёни фикру ақида, истифодаи васоити ахбори умум аз ҷониби онҳо ва рушди журналистикаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид.

Даъвогарон 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мебошанд. Маҳмадюсуф Исмоилов шаш моҳ қабл ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуд. Ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 50-сола буда, соҳиби се фарзанд аст. Номбурда бо дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкорӣ дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.