Овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъӣ надоранд

Date:

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъие надоранд.

Вай мегӯяд, бозори «Корвон» дар тавозуни шаҳрдорӣ қарор дорад ва то имрӯз чунин масъала дар сатҳи шаҳрдорӣ баррасӣ нашудааст. «Ба ман ҳамчун сармеъмори шаҳр то ҳол чунин иттилоъ нарасидааст», – иброз намуд ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, «агар замоне чунин тасмим гирифта шавад ҳам, аҳолии пойтахт пешакӣ аз он огоҳ карда мешаванд».

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои ахир миёни сокинони шаҳри Душанбе чунин овозаҳое пайдо шудаанд, ки гӯё баъди чанде бозори «Корвон» кӯчонида шуда, қаламрави он ба ихтиёри яке аз воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дода мешавад, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахт ҷойгир аст.

Дар робита ба ин овозаҳо соҳибкорони бозори «Корвон» ба ташвиш афтодаанд, зеро метавонанд нуқтаҳои фурӯши худро аз даст диҳанд.

Бозори «Корвон» яке аз бозорҳои бузургтарин буда, бештари аҳолии пойтахт маҳз аз ин бозор молу маҳсулот мехаранд, зеро дар муқоиса бо бозорҳои дигар нарх дар он нисбатан арзон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....