Нигаронии сафирони Иттиҳоди Аврупо аз ҳабси хабарнигори Би-Би-Си

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафирони кишварҳои узви Итииҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз қазияи ҳабси хабарнигори Би-Би-Си дар шаҳри Хуҷанд ва хабарҳои муносибати бераҳомна дар нисбатӣ ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи изҳори нигаронӣ карданд. Дар изҳороти чанде қабл интишоргардидаи роҳбарони гурӯҳи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки «мо ба хубӣ огаҳем, ки […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафирони кишварҳои узви Итииҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз қазияи ҳабси хабарнигори Би-Би-Си дар шаҳри Хуҷанд ва хабарҳои муносибати бераҳомна дар нисбатӣ ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи изҳори нигаронӣ карданд.

Дар изҳороти чанде қабл интишоргардидаи роҳбарони гурӯҳи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки «мо ба хубӣ огаҳем, ки дар идомаи боздошт ба ӯ айби узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пешниҳод шудааст». «Мо аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки даъвои муносибати бераҳмона нисбат ба ӯро мӯшикофона таҳқиқ намоянд ва аз он нигаронем, ки аз замони боздошти Усмонов нисбат ба ӯ тартиботи дахлдори додгоҳӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст», – омадааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо рӯйи муҳим будани таъмини озодии ВАО дар Тоҷикистон таъкид дошта, дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният дар кишварро низ эътиоф месозад. «Иттиҳоди Аврупо чун қабл аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки меъёрҳои байнулмилалии шаффофи фаъолияти додгоҳиро мавриди истифода қарор диҳад», – зикр мегардад дар изҳорот.

Иттиҳоди Аврупо дар ҳайати худ 27 кишварро муттаҳид карда, аз бузургтарин имдодрасонҳои ҷаҳон аст. Шурӯъ аз соли 1992 Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз 500 млн. Евро кӯмаку мусоидат кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.