Дастурхони идонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт барои собиқадорону оилаҳои камбизоат

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шоми 26 июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи театрикунонидашудаи «Файзи ваҳдат» баргузор мешавад. «Рӯзи 27 июн  дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шоми 26 июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи театрикунонидашудаи «Файзи ваҳдат» баргузор мешавад. «Рӯзи 27 июн  дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», ба номи Садридддини Айнӣ, А. Мироненко ва майдони 800-солагии Москва   сайру гашти оммавӣ в  консертҳои идона доир гардида, ба сокинони пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ  пешкаш мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ғайр аз ин, ба муносибати ҷашн дар боғҳои фароғату истироҳати пойтахт барои собиқадорон ва оилаҳои камбизоат дастурхони идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе ороста мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчунин Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расида буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.