Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 21-уми июни соли ҷорӣ дар мавзеи пайвасти марзи Тоҷикистону Афғонистон заминларза рух дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии шаҳри Душанбе хабар доданд, заминларза соати 19:47 дақиқа ба амал омадааст.
Маркази заминларза дар 410 километрии ҷанубу шарқии Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ буда, ин ҷо қувваи заминларза 5 баллро ташкил додааст.
«Аммо дар қаламрави Тоҷикистон ларзиши қабати замин эҳсос нашуд», – афзуд манбаъ.


