«Газпромнефт» нуқтаҳои фурӯш дар Тоҷикистонро таҷдид месозад

Date:

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд маросими ифтитоҳи нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории таҷдидёфтаи шабакаи «Газпромнефт» доир гардид.

Ба қавли директори генералии ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев, нуқтаи фуруши мазкур дар доираи лоиҳаи ребрендинги маҷмӯии шабакаҳои нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории «Газпромнефт» мутобиқи меъёрҳо барои чунин шакли иншоот таҷдид гардидааст. «Ин нуқтаи фурӯш бо назардошти талаботи муосири таъмини амнияти саноати ва экологӣ аз нав бунёд шуда, бо тамоми навъҳои хизматгузорӣ ба ронандагон, аз қабили мағозаву қаҳвахона ва ғайра таъмин аст», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» ронандагони автомбилҳои хадамоти иҷтимоии шаҳри Чкаловск» мизоҷони аввалини нуқтаи фурӯш шуда, ба онҳо Фарҳод Мирзоев сертификатҳо ба 100 литр бензини ройгонро тақдим кардааст.

Айни замон дар Тоҷикистон 24 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ таҳти бренди «Газпромнефт» фаъолият дошта, 8-тои онҳо пурра ба меъёрҳои ширкат мутобиқат доранд. Боррасони асосии нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Газпромнефт» дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафти шаҳри Омски Русия аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...