Даври омӯзишии намояндагони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Варзоб

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Варзоб тренинги панҷрӯза дар мавзӯи таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ шурӯъ гардид. Тренинг бо мақсади баланд бардоштани имконоти Ҷамъиятҳои Миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи барномаҳо ва фаъолият оид ба таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ доир карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҷамъити […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Варзоб тренинги панҷрӯза дар мавзӯи таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ шурӯъ гардид. Тренинг бо мақсади баланд бардоштани имконоти Ҷамъиятҳои Миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи барномаҳо ва фаъолият оид ба таъмин бо сарпаноҳ ва барқарорсозӣ доир карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҷамъити Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дастгирии молиявии мададрасонон ва барномаи ДИПЕКО VI созмон дода мешавад.

Дар тренинг ҳудуди 20 кормандони соҳибтаҷрибаи ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Венгрия ва мураббиёни варзида аз Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи Эрик Мишел Селлиер, намояндаи Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, дар тренинг роҳу воситаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар таъмини аҳолӣ бо сарпаноҳ ва корҳои барқарорсозӣ тавассути истифодаи механизмҳои муқарраршудаи минтақавӣ баррасӣ мешаванд.  

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.