Баррасии масоили муҳоҷирати кории тоҷикон дар Қазон

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон масоили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, дар мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия, ки ба ҳайати он намояндагони хадамоти муҳоҷирати кишварҳо шомиланд, масоили таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ва […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон масоили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, дар мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия, ки ба ҳайати он намояндагони хадамоти муҳоҷирати кишварҳо шомиланд, масоили таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ва имкони ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии технологии Қазон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

«Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ набояд бесарусомон бошад ва инро дар тамоми кишвархои узви ИДМ бахубӣ дарк мекунанд, вале мо бояд чунин механизмҳоеро дарёфт намоем, ки ба ҳама қобили қабул бошад, – гуфтааст зимни мулоқот муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов. – Ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 350-400 ҳазор нафар муҳоҷирон меоянд ва мо хоҳони онем, ки ба Русия мутахассисони омодашуда ва донандаи забони русиву анъанаҳои маҳаллӣ оянд».

Дар робита ба масъалаи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии технологии Қазон дар шаҳри Душанбе ректори донишгоҳи мазкур Герман Дяконов изҳор доштааст, ки дар филиали мазкур барои бахши саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. «Ин мутахассисон бештар барои худи Тотористон заруранд, зеро бинобар омодагӣ ба баргузории Универсиада ҷумҳурӣ ба 30 ҳазор нафар коргарон ниёз дорад», – гуфтааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.