Раиси шаҳри Кӯлоб ба сарвари давлат аз вазъи воқеъии шаҳр маълумот дод

Кӯлоб. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тайи панҷ рӯзи ахир раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев шахсан бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ду сӯҳбати телефонӣ дошт. Ҳамид Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки моҳи ахир бахусус пас аз сарусадоҳо атрофи бетартибиҳои мухлисон чунин эҳсос мешуд, ки касе вазъро ба сарвари давлат […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тайи панҷ рӯзи ахир раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев шахсан бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ду сӯҳбати телефонӣ дошт.

Ҳамид Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки моҳи ахир бахусус пас аз сарусадоҳо атрофи бетартибиҳои мухлисон чунин эҳсос мешуд, ки касе вазъро ба сарвари давлат дар шакли таҳрифшуда нишон медиҳад. «Зимни вохӯрии шахсӣ ва дар сӯҳбати телефонӣ ман аз вазъи воқеъии шаҳр ва мушкилоти мавҷуда ба сарвари давлат маълумот додам ва ӯ ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки баҳри ҳалли онҳо чора андешанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли раиси шаҳри Кӯлоб, тайи чанд рӯзи ахир вазирони маориф, молия, тандурустӣ ва ҳамчунин муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. «Онҳо бо мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр аз наздик ошно гардида, изҳор доштанд, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – афзуд Ҳамид Абдуллоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.