Қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳои хиёбони Рӯдакӣ

Date:

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 7  то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир,  аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи С.Носир то гардиш ба самти хиёбони И.Сомонӣ ва аз 11 то 13 июл аз гардиши хиёбони И.Сомонӣ то бурриши кӯчаи Теҳрон қатъ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шахри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар робита ба ин масъала Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ,  дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ бо сабаби гузаронидани  корҳои таъмири роҳ қарореро ба тасвиб расонид.

Дар асоси ин қарор масъулину роҳбарони муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбаро дар хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) мегузаранд ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот  ворид намоянд.

Ҳамчунин Рвёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои  таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат бо назардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чора андешанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...