Тоҷики гунаҳкор ба қатли Ямадаев аз АМА ба ватан истирдод шуд

Маскав. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов, ки дар қатли Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев гунаҳкор дониста шуда буду дар Аморати Муттахидаи Араб адои ҷазо мекард, ба ватан истирдод гардид. Иштирокчии дуюми куштор – шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорния низ ба ватанаш истирдод гардид. Бино ба иттилои ВАО-и Русия, Исматов рӯзи панҷшанбе ва Лорния […]

Александр Калугин

Маскав. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов, ки дар қатли Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев гунаҳкор дониста шуда буду дар Аморати Муттахидаи Араб адои ҷазо мекард, ба ватан истирдод гардид. Иштирокчии дуюми куштор – шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорния низ ба ватанаш истирдод гардид.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, Исматов рӯзи панҷшанбе ва Лорния рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ба ватан фиристода шуданд.

Ёдрас мекунем, ки сӯиқасд ба ҷони С.Ямадаев ахири моҳи марти соли 2009 дар Аморати Муттаҳидаи Араб сурат гирифта, додгоҳи Дубай М.Исматов ва М.Лорнияро ба ҳабси абадӣ маҳкум намуд (дар АМА ин мӯҳлат 25 сол аст). Додситонӣ пофишорона ҳукуми олӣ – ҷазои қатлро нисбати онҳо талаб карда буд.

Аммо пас аз муроҷиати яке аз бародарони С.Ямадаев – Исо Ямадаев ба ҳукуматдорони АМА дар бораи гузашт кардан ба ҷинояткорон ва рад кардани ҷубронпулӣ аз онҳо, додгоҳи марҳилаи аппелятсионии аморат ахири соли гузашта, парвандаро мавриди таҷдиди назар қарор дода, ҳукми ҳабси абадро ба се соли зиндон (27 моҳ дар АМА)  ба ҳар кадоме аз ҷинояткор иваз кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.