Хабарнигори Би-Би-Сӣ ба хона баргашт

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзи панҷшанбе, 14-уми июл, хабарнигори хадамоти ӯзбекии Б-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд озод карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» писари рӯзноманигор Ойбек Усмонов хабар дод, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онҳоро аз озодии Усмонов огоҳ сохта, ба назди бинои додситонии вилоят овардаанд ва дар […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзи панҷшанбе, 14-уми июл, хабарнигори хадамоти ӯзбекии Б-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» писари рӯзноманигор Ойбек Усмонов хабар дод, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онҳоро аз озодии Усмонов огоҳ сохта, ба назди бинои додситонии вилоят овардаанд ва дар ин ҷо аҳли оила ӯро пешвоз гирифтаанд. Айни замон рӯзноманигор дар манзили зисташ қарор дошта, аз муколама бо матбуот канораҷӯйи мекунад.

«Падарам харобу хаста шудааст ва мо ният дорем, ки ӯро аз муоинаи табибон гузаронида, сипас ба табобаташ шурӯъ намоем», – гуфт писари рӯзноманигор.

Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон маълум гардид, ки нисбат ба рӯзноманигор чораи ҷазо тағйир дода мешавад. Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки бо қарори Додситони кулл Ӯрунбой Усмонов бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда мешавад.

«Мақомоти додситонӣ омӯзиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Усмоновро ба анҷом расонида, ба хулосае расиданд, ки баррасии онро метавон минбаъд бидуни дар маҳбас қарор доштани ӯ идома дод, – гуфта буд Ш.Салимзода. – Ман дар ин бора қарори дахлдорро ба имзо расонидам ва Ӯрунбой Усмонов шоми имрӯз то анҷоми рӯзи корӣ озод карда мешавад».

Ба қавли Салимзода, дар бораи ин тасмим ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ огоҳ карда шуда буд.


Дар акс: Ӯрунбой Усмонов пас аз озодӣ бо аҳли оила

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.