Дар Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда ошкор гардид

Date:

Кӯлоб. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳудуди 200 ҷинояти солҳои пешин содиршуда, аз ҷумла 5 ҳодисаи кушторро ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят полковник Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 16 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда,  онҳо дар муддати кӯтоҳ ошкор карда шуданд. «Дар ноҳияи Вахшу Данғара – 3 ҳодиса, шаҳри Қӯргонтеппаву ноҳияҳои Қумсангиру Ёвон – 2 ҳодиса ва ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Бохтар ва Ҳамадонӣ – 1-тогӣ ҳодисаҳои куштор сабт шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 ҳазору 617 ҳодисаҳои содир намудани ҷиноёт ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳодиса зиёдтар мебошанд. «Сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 94,6%-ро ташкил медиҳад», –  иброз дошт сардори РКД-и вилоят.

А.Бузмаков мегӯяд, дар ин давра аз аҳолӣ 317 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 59 адад автомати Калашников, 46 адад тапппончаи Макаров ва ҳамчунин 603 кило маводи нашъаовар (41 кило героин) дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Да нимсолаи аввал ба мо муяссар гардид, ки аз 554 нафар сокини вилоят, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буданд, 192 нафарашонро дастгир кунем», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...