Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд

Date:

Қӯрғонтеппа. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, соли равон дар иншооти обии вилояти Хатлон 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон Ҳокимшо Шарифов иттилоъ дод, сабаби аслии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон – интихоби ҷойи ноқулай оббозӣ ва беэҳтиётии онҳо аст.

Ба қавли Ҳ.Шарифов, қаблан ситод бо таҷҳизот барои баргузории корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ таъмин набуд. «Чанде қабл Барномаи рушди СММ ба мо ду комплекти таҷҳизоти «Водолаз» тақдим намуд ва акнун имконоти наҷотдихандагони вилоят бештар гардида, ғаввосон тамоми фасли сол метавонанд дар чуқурии зиёд кор кунанд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба афзудани шумори ғарқи одамон дар об, наҷотдиҳандагон бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунанд, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, мувофиқи имкон макони оббозии иҷозатдодашударо интихоб созанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...