Террористи норвегиягӣ ба гуноҳаш иқрор шуд

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар васоити ахбори умуми Аврупо қазияи амали террористӣ дар Норвегия баррасӣ мешавад. Террорист Андерс Брейвик, ки 93 нафарро ба қатл расонид, иқрор шуд, ки дар назди бинои парлумон дар Осло бомба гузошта, иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонон дар ҷазираи Утойяро паррондааст, вале то ҳанӯз ҷавобгарии ҷиноиро эътироф намесозад. Дар ин бора […]

Asia-Plus

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар васоити ахбори умуми Аврупо қазияи амали террористӣ дар Норвегия баррасӣ мешавад. Террорист Андерс Брейвик, ки 93 нафарро ба қатл расонид, иқрор шуд, ки дар назди бинои парлумон дар Осло бомба гузошта, иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонон дар ҷазираи Утойяро паррондааст, вале то ҳанӯз ҷавобгарии ҷиноиро эътироф намесозад. Дар ин бора хабарнигори The Moscow Post иттилоъ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта бар асари ду амали террористӣ дар Норвегия 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Террорист Андерс Брейвик ба содир намудани ин ҷиноятҳо иқрор шуд.

Аммо Брейвик ҷавобгарии ҷиноятиро ба дӯш нагирифта, умедвори афв аст. Ӯ изҳор кардааст, ки баҳри барҳам додани сиёсати муҳоҷирати либералӣ ва ғалаба бар ислом дар ҷомеаи Норвегия инқилоб ба амал оварданӣ будааст. Пеш аз содир намудани амали террористӣ ӯ дар шабакаи Интернет таҳти унвони «Эъломияи истиқлолияти Аврупои соли 2083»-ро дарҷ намуд.

Дар матни эъломия ӯ афкори худро дарҷ карда, дар қатори тадбирҳои меандешида таъсиси ҳаракати ҷавонон дар Норвегияро, ки ба ҳаракати «Наши»-и Русия монанд бошад, пешниҳод кардааст.

Тавре маълум шуд, Брейвик ҳанӯз соли 2010 ба таври қонунӣ аслиҳаву муҳимот харидааст. Ӯ ҳамон замон амали террористиро тарҳрезӣ карда, тавассути бозиҳои компютерӣ ба он омодагӣ мегирифтааст, аммо пулиси Норвегия аз он бехабар мондааст. Айни замон кормандони пулис ҳаммаслакони Брейвикро ҷустуҷӯ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.