Коҳиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7%

Date:

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7% коҳиш ёфтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-июни соли равон дар КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба миқдори 30 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ширкат 173 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 440 млн. $ содирот кардааст.

«Ҳаҷми содироти алюминий нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2% коҳиш ёфта бошад ҳам, дар ифодаи қимати пулӣ он 16% боло рафт, зеро арзиши ин маҳсулот муддати соли равон то ба 400 $ барои як тонна афзуд», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон ширкат  истеҳсоли 390 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. Соли гузашта дар ширкат 349 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол гардида буд.

Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи ин металл дар ҳаҷми умумуи маҳсулоти содиротии кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 70%-ро ташкил медиҳад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...