Тӯраҷонзода: Ба афви Искандаров, Салимов ва Мирзоев умедворам

Date:

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Эълон шудани афв дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ аз ҷониби сарвари давлат амали бузург ва хайру савоб аст, – мегӯяд рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки ҳоло пурра бо матни санади мазкур шинос нашудааст, аммо аз ин амали ҳукуматдорон ҷонибдорӣ мекунад.

«Ман умедворам, ки шахсони барои афкор ва амали ҷанбаи сиёсидошта маҳкумгардида, аз ҷумла Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев низ мавриди афв қарор мегиранд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин бар ин назар аст, ки садҳо ҷонибдорони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз ҷониби ҳукумат ба гумони содир намудани ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанду бо ин сабаб дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, низ бояд афв шаванд.

Тӯраҷазонзода ҳамчунин нияти ҳууматдорон дар мавриди афви ҳаммаслакони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро низ ҷонибдорӣ намуд.

«Чунин иқдомот танҳо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар мусидат менамоянд», – афзуд Тӯраҷонзода.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....