Гумонбарии як зумра мансабдорони Ашт ба тақаллубкорӣ

Хуҷанд. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Як зумра шахсони мансабдори ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба тақаллубкориву сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, мутахассиси КВД «Ҳосили заминсоз» Н.Б. ва котиби ҷамоати Шайдони ноҳия М.И. бо як зумра шахсони дигар […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Як зумра шахсони мансабдори ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба тақаллубкориву сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, мутахассиси КВД «Ҳосили заминсоз» Н.Б. ва котиби ҷамоати Шайдони ноҳия М.И. бо як зумра шахсони дигар пешакӣ забон як карда, барои ҷудо кардани қитъаи замин ва барасмиятдарории асноди дахлдор аз сокини ҳамин ноҳия дар ҳаҷми 60 ҳазор рубли русӣ ришва ситонидаанд.

Нисбат ба амали шахсони зикршуда мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2, банди «Б» (Қаллобии содиршуда аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 30 далели қаллобӣ (соли 2010 – 20 далел) ва 8 далели сохтакории хизматӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат