Зери чархи мошин мондани модарону кӯдакон дар Қайроққум

Date:

Хуҷанд. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли кишвар се тан ҳалок ва як кӯдаки ноболиғ дар беморхона бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар кӯчаи марказии шаҳри Қайроққум ронандаи автомашинаи тамғаи хориҷии «Toyota», сокини 25-солаи ноҳияи Ғончӣ Бунёд Одинаев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба ду нафар занон бо кӯдаконашон бармехӯрад, ки аз роҳ мегузаштанд.

«Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Неъматова, писари ноблиғи ӯ, хонандаи синфи 1 Наим Неъматов ва сокини 25-солаи шаҳри Қайроққум Дилрабо Турсунова ба ҳалокат расиданд. Айни замон писари 2-солаи Дилрабо Турсунова – Мирзомуҳаммад Турсунов дар беморхона аст», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...