Хуҷанд. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли кишвар толибилми синфи 10 бидуни ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ таҳти рули автомашинаи боркашм ЗИЛ-130 нишаста, духтари 6-соларо зери мошин ба ҳалокат расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, сокини ноболиғи 16-солаи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи асосӣ аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба Бибиоиша Файзиеваи 6-сола бармехӯурад, ки аз роҳ гузашта истода буд.
«Дар натиҷа духтар зери чархи қафои мошин монда, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфтанд дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.



