Даргузашти нобаҳангоми муовини аввали нахуствазир

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов нобаҳангом аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз ҳукумати ҷумиттилоъ дод, Асадулло Ғуломови 57-сола, ки тавассути чархбол ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2» сафар дошт, бо нишгонаи бемории сактаи қалб ба беморхоани ҳукуматӣ оварда шуда, дар онҷо ба ҳуш […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов нобаҳангом аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз ҳукумати ҷумиттилоъ дод, Асадулло Ғуломови 57-сола, ки тавассути чархбол ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2» сафар дошт, бо нишгонаи бемории сактаи қалб ба беморхоани ҳукуматӣ оварда шуда, дар онҷо ба ҳуш наомад ва ба ҳалокат расид.

Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

 Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести “Кӯлобселстрой” оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести “Тоҷикхимстрой”-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.

 Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии “Тоҷиксохтмон” ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

 Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

 Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҷаноби Ғуломов иҷрои барномаҳои энергетикӣ, сохтмон ва алоқаро назорат мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.