Таъзияи ҳукумати ҷумҳурӣ ба аҳли оила ва наздикони Асадулло Ғуломов

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки 3 августи соли 2011 яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар – Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов Асадулло дар синни 57-солагӣ нобаҳангом аз олам чашм пўшид.  Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 таваллуд ёфтааст.  Ў бо хизмати содиќона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати […]

Asia-Plus

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки 3 августи соли 2011 яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар – Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов Асадулло дар синни 57-солагӣ нобаҳангом аз олам чашм пўшид.

 Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 таваллуд ёфтааст.

 Ў бо хизмати содиќона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд.

 Марҳум Асадулло Ғуломов дар давоми фаъолияти меҳнатии худ барои пешрафти Ватани азиз кўшишу ғайрати зиёде ба харҷ додааст. Ў махсусан дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст.

 Асадулло Ғуломов на танҳо ташкилотчии моҳири истеҳсолоту мутахассиси олии соҳаи сохтмон буд, балки худро инчунин сиёсатмадор, устоди сахтгиру ғамхор ва рафиқи мушфиқ нишон додааст.

 Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» – дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст.

 Вале  мукофоти олии Асадулло Ғуломов иззату эҳтироми бепоёни мардум мебошад. Хотираи неки Асадулло Ғуломов дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вафоти нобаҳангоми фарзанди содиқи миллат, шахсияти намоёни мамлакат Асадулло Ғуломов сахт андўҳгин буда, ба   наздикону пайвандони ў сабри ҷамил металабад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.