Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳудуди 40%-и кормандони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳатто собиқаи кори дусола ҳам надоранд.
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сатҳи дониши ҷавонони тайи се соли ахир дар вазорат ба кор қабулшуда ба талабот ҷавобгӯ аст.
«Масалан, моҳи гузашта мувофиқи натиҷаҳои озмун барои кор ба вазорат 10 нафар хатмкардагони макотиби олии ватанӣ ва хориҷӣ ба кор қабул карда шуданд», – изҳор дошт вай.
Дар посух ба суоли таъсири ҳабси хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ба мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд буда, ҳар як шахс бояд дар назди қонун ҷавобгӯ бошад.
«Дар саросари ҷаҳон чунин аст. Агар нисбати шахси муайяне ба хадамоти махсус маълумоти манфие бирасад, он санҷида мешавад ва баҳри нуфузи кишвар мо наметавонем талаботи тартиботи ҳуқуқӣ ва адолати судиро нодида бигирем», – таъкид сохт Ҳ.Зарифӣ ва дар ҳамин ҳол зикр намуд, ки бобати нисбати Усмонов истифода бурдани шиканҷаву озор ва нақзи ҳуқуқи ӯ ҳеҷ далеле мавҷуд нест.