Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати экологии Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо аҳли ҷомеаи вилояти Сурхондарё бобати аз Корхонаи алюминии Тоҷикистон – КВД «ТАЛКО» рӯёнидани ҷуброн барои осеби чандинсола ба муҳити зист ва тандурустии аҳолии минтақа ба додгоҳҳои байнулмилалӣ даъво пеш оварданист. Дар ин бора ОИ REGNUM бо истинод ба муовини раиси кумитаи иҷроияи шӯрои марказии Ҳаракати экологии Ӯзбекистон Саидрасул Сангинов хабар медиҳад.
«Экологҳои Ӯзбекистон муддати чандин сол аст, ки масъалаи зарурати андешидани чораҳои таъхирнопазир перомуни мушкилоти ифлосшавии қаламрави вилояти Сурхондарё аз партовҳои Корхонаи алюминии Тоҷикистонро таъкид месозанд. Мутобиқи конвенсияҳои байнулмилалӣ, ин корхона барои зарар бояд ҳам ба аҳолии Ӯзбекистон ва ҳам сокинони Тоҷикистон ҷуброн пардохт намояд», – изҳор кардааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, КВД «Талко» ҳудуди 22 ҳазор тонна партовҳои зарароварро ба фазо хориҷ мекунад, ки 120 тоннаи он маводи беҳад зараровари фторид аст.
«Миқдори зиёди ин партовҳо дар муддати 18-19 соат то фазои ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Деҳнав, Олтинсой, Шурча ва Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё мерасанд, ки дар ин қаламрав зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад. Дар ин қаламрав таваллуди кӯдакон бо ноқисиҳои модарзодӣ ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Сол то сол дар минтақаи мазкур бемориҳо зиёд шуда, шумори таваллудҳои пеш аз мӯҳлат бештар мегардад», – гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии КВД «Талко» Игор Сатторов мегӯяд, ин масъаларо метавон тавассути назардошти ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ҳал намуд. «Ба ин кор машғул шудани кадом як ҳаракати экологӣ зарур нест, зеро онҳо ба ин масъала ангезаи сиёсӣ медиҳанд. Барои пешниҳоди даъво заминаи собитсозии далелҳои онро мебояд дошт. Чун дар баҳс як ҷониб иштирок мекунад, пас чӣ тавр метавонад заминаи собитсозии далелҳо вуҷуд дошта бошад», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» И.Сатторов.
Ба гуфтаи Сатторов, мақомоти раҳбарии КВД «Талко» чандин маротиба ба экологҳои ӯзбек баргузории ташхиси мустақил аз ҷониби худи онҳоро пешниҳод кардааст, вале онҳо инро рад сохтаанд.