Кормандони гумрук беш аз 10 кило героинро мусодира карданд

Тайи ду шабонарӯзи ахир кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ беш аз 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 23-юми август зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес» дар роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар бордони он ба миқдори 3,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира […]

Наргис Ҳамробоева


Тайи ду шабонарӯзи ахир кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ беш аз 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 23-юми август зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес» дар роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар бордони он ба миқдори 3,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Муайян карда шуд, ки маводи мухаддири дарёфтшуда ба мусофири автомашина С.Ш.-и 43 сола тааллуқ дорад ва ӯ онро нияти ба Русия интиқол доданро доштааст», – гуфтанд дар хадамоти гумрук.

Ғайр аз ин, дар пайи боз як амалиёти кормандони хадамоти мазкур дар шаҳри Душанбе низ 7,2 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира гардид. «Гумонбаршуда – сокини шаҳри Душанбе О.М. низ боздошт шуд», – афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо дар мақомоти додситонӣ дар нақлиёт парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон кормандони хадамоти гумрук 7 тоннаву 328 кило прекурсорҳо, 2,6 кило ҳашиш ва 17 кило героинро мусодира кардаанд. Ба гумонбарии даст доштан дар содир намудани ҷиноёти мрбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 20 нафар боздошт шудаанд, ки 8 нафарашон занон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.